Русия квота барои муҳоҷиронро дар соли 2023 кам мекунад

Вазорати меҳнати Русия тарҳи фармонеро ба баррасии умум гузоштааст, ки бар асоси он теъдоди квотаҳо барои муҳоҷирони корӣ кам карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Теъдоди квотаҳо барои муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои дорои низоми раводид дар Русия барои соли 2023 муодили 86%-и шумораи имсола хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия хабар додааст.
"Вазорати меҳнат лоиҳаи фармонро дар бораи тақсими квотаҳо аз рӯи минтақаҳо барои додани иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо раводид ба Русия меоянд, ба муҳокимаи умум пешниҳод кард. Ҳаҷми квота дар муқоиса бо соли пешӣ 86% хоҳад буд", - гуфтанд дар вазорат.
Ҳаҷми квота барои додани иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар асоси раводид ба Русия меоянд, дар соли 2023 наздики 124 ҳазор иҷозатномаро ташкил медиҳад, илова намуд Вазорати меҳнат.
Низоми нави қайди муҳоҷиратӣ дар Русия ба кор оғоз кард
Зарурати ҷалби коргарони хориҷӣ аз рӯи минтақаҳо барои соли 2023 ҳудуди 82,6 ҳазор нафар муқаррар шудааст, ин нишондод дар аввали соли 2022 ҳудуди 95 ҳазор ададро ташкил медод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола ба Русия миллионҳо нафар муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Қисмати бештари муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои собиқ шӯравӣ меоянд, ки бо Русия низоми бераводид доранд. Дар миён аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсафанд.
Шумораи коргароне, ки аз кишварҳои дорои низоми раводид ба Русия меояд, ҳудуди 4,4%-и фоизи шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳад.