Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

"Набояд барои порчаи замин одамон муранд": Ҷабборов аз ҳалли баҳси марз бо Тоҷикистон гуфт

Сабаби аслии фоҷиаҳо дар навоҳии наздимарзӣ номуайян боқӣ мондани хатти сарҳад аст, ки феълан Бишкеку Душанбе ҷиддан ба мушаххас кардани он машғул шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Қирғизистон ҷиддан ба ҳалли масъалаҳои марбут ба қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ бо Тоҷикистон машғул шуд, изҳор дошт президенти ҶҚ, Содир Ҷабборов.
Ӯ зимни дар анҷумани мардумӣ дар Бишкек таъкид намуд, ки набояд барои порчаи хурди замин одамон кушта шаванд, волидон фарзандонро аз даст диҳанд, чун азизтар аз ҳаёти инсон чизе нест.
"Мо ба ҳалли масъалаи марз бо Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ шурӯъ кардем ва талош дорем, дар зудтарин фурсат онҳоро ба анҷом расонем", - гуфт Ҷабборов.
Вай таъкид намуд, ки сабаби аслии рух додани ҳаводиси маргбор дар навоҳии наздимарзӣ мушаххас набудани хатти марз мебошад. Ӯ афзуд, ҳадафи аслӣ ҳалли ҳама мушкилоти марзӣ аст, ки "аз як ҳукумат ба ҳукумати дигар мегузаранд". Ҷабборов илова намуд, ки ин мушкилро ба наслҳои оянда намегузорад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ аз пешрафти ҷиддӣ дар ҳалли масоили марзӣ бо Қирғизистон гуфтаст.
Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар нишасти ахири сарони кишварҳои узви СААД гуфт, Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ пешрафтҳои назаррас доранд.Вай афзуд, ки дар ин бора аз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ гирифтааст.
Лукашенко: Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низоъ дар марз пешрафтҳои ҷиддӣ доранд
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.