Заҳролудшавии маргбори 8 узви як хонавода дар Суғд

Бар асари истеъмоли консерваи худсохт дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 8 узви як хонавода заҳролуд шуда, 2 нафарашон ҷон додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Ботулизм ё худ бемории ҳасибак боиси бистарӣ шудани 8 узви як хонавода дар беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов шудаст, ки 2 нафарашон фавтиданд.
Дар ин бора муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар Шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, Абдуғаффор Темуров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳашт узви як хонавода дар натиҷаи истеъмоли хуроки худсохт ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Инҳо ҳама консерваи худсохт истеъмол карда, заҳролуд шудаанд" - қайд намуд, табиб.
Ба гуфтаи Темуров ин ҳодиса дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода, рӯзҳои охир табибон дар талоши наҷоти ҷони заҳролудшудаҳо будаанд.
"Баъд аз 10рӯзи табобот вазъи 6 нафари инҳо беҳбуд ёфта, аммо ду тани дигар ҷавонзани 30-сола ва модари 58-солаи хонаавода ҷон доданд", - гуфт ӯ.
Ҳалокати ду нафар дар Зафарободи Тоҷикистон бар асари масмумият аз газ
Табиб таъкид намуд, ки феълан як узви ин хонавода дар шуъбаи эҳё қарор дошта, боқӣ аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи маризиҳои сироятӣ интиқол дода шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асари ботулизм ё худ истеъмоли ғизои дастсохт дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавти одамон мунтазам ба қайд гирифта мешаванд. Қаблан мақомоти тоҷик таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ барои таҳияи бехатари ғизоҳоро таъкид карда буданд, то аз фоҷиаҳо ҷилавгирӣ шавад.