"Садои мардум - садои Худост": Маск афви умум эълон кард

Молики шабакаи иҷтимоӣ миёни корбарон назарпурсӣ гузаронд, ки оё месазад саҳифаҳои масдудшуда, ба истиснои онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд, дубора боз шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ ва соҳиби Twitter, Илон Маск дар шабакаи мазкур ба истилоҳ афви умум эълон кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, Маск эълон кард, ки саҳифаҳои масдудшударо дар шабакаи иҷтимоӣ барқарор хоҳад кард.
Ин эълонро ӯ пас аз анҷоми назарсанҷӣ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом дод, ки аксарият ҷонибдори "афв" баромаданд.
Вай дар идома аз зарбулмасали лотинӣ - "Vox Populi, Vox Dei" зикр намудаст, ки "Садои мардум - садои Худост".
"Мардум мавқеашро баён кард. Афв ҳафтаи оянда оғоз мешавад. Vox Populi, Vox Dei", - навиштааст Маск дар "Twitter".
Маск давоми 24 соат дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоияш назарсанҷӣ барои корбарон эълон кард, ки оё "афви умумӣ ба саҳифаҳои басташуда пешниҳод карда шавад, ба шарте ки онҳо қонунро нақз накунанд ва дар спамҳои шадид ширкат накунанд?".
Зиёда аз 72%-и овоздиҳандагон ба ҷонибдорӣ раъй доданду зиёда аз 27%-и дигар бар зидди он. Дар назарпурсӣ дар маҷмӯъ беш аз 3 млн нафар ширкат карданд.
Хатари бесобиқа дар 60 сол: Маск хост, башарият худро бо силоҳи ҳастаӣ нишон нагирад
Ин нахустин назарпурсии Маск дар шабакаи иҷтимоӣ баъди харидани "Twitter" набуда, қаблан низ дар натиҷаи овоздиҳӣ саҳифаи масдудшудаи раисҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Доналд Трампро боз кард.
Соҳибкор тавзеҳ дод, ки бо харидории ин шабакаи иҷтимоӣ мехоҳад, онро ба пойгоҳи воқеии озодии баён дар тамоми ҷаҳон табдил диҳад.