Путин ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро қаҳрамон хонд – видео

Раисҷумҳури Русия дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон бо модарони иштирокдори амалиёти низомӣ дар Донбас дидору мулоқот кард
Sputnik
Дар ин мулоқот, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон дар Русия баргузор шуд, Путин ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро қаҳрамон хонд, ки чунин тарбияро аз оила аз намунаи шахсии волидон гирифтаанд.
Вай гуфт, зиндагӣ албатта мураккабтару гуногунтар аз онест, ки дар экранҳои телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ӯ ҳамчунин аз интернет зикр намуд, ки он ҷо аслан ба чизе бовар кардан мумкин нест, чун пур аз фейку фиребу дурӯғ аст.
Путин аз модарон хост, ба иттилоот дар интернет бовар накунанд
Муборизаи иттилоотӣ ҳамеша буд, аммо бо назардошти рушди технологияи муосир он махсусан муассир шудааст, таъкид намуд раисҷумҳури Русия
"Ҳамлаҳои иттилоотӣ сурат мегиранд. Ин қаблан буд, аммо бо назардошти технологияҳои муосир, он махсусан муҳим ва муассир гардид. Иттилоот ҳам як силоҳи мубориза аст", - таъкид намуд Путин.
Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард
Иттилоот силоҳи мубориза ва хеле муассир аст, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо модарони иштирокдори амалиёти низомӣ дар Донбас.