Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ роҳпаймоӣ баргузор шуд. Ин манзараи ватандӯстонаро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мушоҳида ва сабт кард.
Даҳҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳои марказии шаҳр баромада, аз боғи "Истиқлол" то боғи Парчам дар даст байрақ роҳпаймоӣ карданд ва муҳаббати худро нибстаи рамзи давлатдории тоҷик нишон доданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби ҷавонон бо мақсади арҷгузорӣ ба парчами миллӣ аксия баргузор гардида, ба меҳмонону иштирокдорон парчам тақсим карда шуд.
Инчунин баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи бошукӯҳи консертии тарранумгари истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ баргузор карда шуд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад.
Парчами Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуда, соли 2011 ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон, дар он замон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуд. Баландии сутуни парчами далатӣ - 165 метр мебошад.