Сафири Русия Тоҷикистонро як қудрати кайҳонӣ номид

Дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон, нимпайкараи аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кардааст, гузошта шуд. Мактаб низ ба номи ӯст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар мактаби русию - тоҷикии Душанбе ба ифтихори кайҳоннаварди шӯравӣ нимпайкара гузошта шуд.
Дар муассисаи таълимии ба номи Юрий Алексеевич Гагарин нимпайкараи ӯ қомат афрохт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ ширкат дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар мактаб рамзҳои зиёди Гагарин, аз ҷумла портрету аксҳо мавҷуданд.
"Аммо ин нимпайкара ба як рамзи аҷиб ва маркази ҷолиби диққат табдил хоҳад ёфт ва мардум дар идҳои марбут ба кайҳон ва дигар санаҳои муҳим ба ин ҷо меоянд, гулҳо гузошта, аз корнамоии аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон ёдовар мешаванд", - гуфт сиёсатмадор.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Душанбе як чорабинии дигари марбут ба кайҳон баргузор мешавад.
Халабон-кайхоннавард Қаҳрамони Русия Салиҷон Шарифов парчами Тоҷикистонро, ки дар кайҳон буд, ба Осорхонаи миллӣ супурд.
Ҳангоми парвоз ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ Шарифов парчами давлатии Тоҷикистонро бо худ бурд.
Ва ҳоло ин осорро ба Осорхонаи миллии кишвар месупорад.
"Ин рӯйдод рамзи он аст, ки Тоҷикистон як қудрати кайҳонӣ аст ва аз ин рӯ мо ҷашни давлатиро бо чунин иқдомҳои муҳим таҷлил мекунем", - таъкид кард сафири Русия.
Мактаби русию - тоҷикии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе моҳи сентябри соли 2022 ифтитоҳ ёфт.
Дар он маросим, раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайн ширкат карданд.
Ҳамчунин моҳи сентябр дар Тоҷикистон боз 4 мактаби дигар бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт. Онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар хар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд.
Ба онҳо муаллимони рус таълим медиханд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Сохтмон пурра аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ аст.