Пеле ва Марадона: қаҳрамонҳои асосии футбол дар деворҳои Қатар - акс

Аввалин Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ҷаҳони араб бо маънои томаш дурахшон оғоз шуд. Ба ғайр аз бозиҳои рангоранг, мухлисонро маҳаллаҳои зебои Қатар интизор аст
Sputnik
1 / 10

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар 20 ноябр оғоз ёфт. Он то 18 декабри соли 2022 дар Доҳа, Ар - Райян, Лусаил, Ал-Хор ва Ал-Вақра баргузор мешавад.

2 / 10

Барои ин чорабинии муҳим дар ҳар як шаҳр деворҳои хонаҳо бо мавзӯи футбол бахшида шудаанд.

3 / 10

Дар деворҳои биноҳо на танҳо рамзҳои варзишӣ, балки футболбозони машҳури сайёра ҳам тасвир шудаанд.

4 / 10

Дар ин ҷо шумо метавонед бо собиқ ҳамлагари тими миллии Бразилия Роналдо шинос шавед.

5 / 10

Ва футболбози афсонавии аргентинӣ Диего Марадона, ки аксаш хеле бузург тасвир ёфтааст.

6 / 10

Ҳамзамон чеҳраи беҳтарин футболбози асри 20 аз рӯи радабандии ФИФА аз ҷониби рассомон ба таври гуногун тасвир шудааст.

7 / 10

Подшоҳи футбол - ҳамлагари бразилӣ Пеле.

8 / 10

Дар ин ҷо инчунин як деворе мавҷуд аст, ки дар он тими миллии футболи Бразилия тасвир шудааст.

9 / 10

Қобили зикр аст, ки ин Ҷоми ҷаҳонии футбол бори аввал дар мавсими зимистон баргузор мешавад.

10 / 10

Сабаби асосӣ гармии шадиди тобистонӣ дар Қатар буд.