Небензя дар бораи ҳамалот ба зербиноҳои Украина суҳбат кард

Намояндаи доимии Русия дар СММ тайи суханронӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи ҳамалот ба зербиноҳои Украина тавзеҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Намояндаи доимии Русия дар Созмон Милал дар ҷаласаи изтирории Шӯрои амният бахшида ба ҳамалоти мушакӣ ба зербинощои Украина таъкид кард, ки Русия дар ҷавоб ба ирсоли анбуҳи таслеҳоти ғарбӣ ба Украина ва фарохонҳои бехирадонаи Киев барои пирузии низомӣ бар Рӯсия, ба таъсисоти зербиноҳо дар Украина зарба мезанад.
Вай тазъифи тавони размии қуваҳои Украинро, ки амният ва тамомияти арзии Русияро таҳдид мекунад, яке аз аҳдофи амалиёти вижаи хонд.
Василий Небензя таъкид кард, то замоне, ки Киев барои музокира омода нашавад ин ҳадаф бо абзори Низомии муҳаққиқ хоҳад шуд.
Ҷонсон: Олмон хостори таслими зуди Украина буд
“Токунун ончӣ аз оқои Зеленский ва шарконаш мешинавем ба ҳеҷ ваҷҳи омодагӣ барои сулҳ нест, балки фақат забони ултиматум нотавон аст", - илова кард намояндаи доимии Русия дар СММ.
Ҳамчунин Василий Небензя дар ҳамин суханрониаш системи дифоъ ҳавойии Украинро масъули талафоти ғайринизомиён ва осеб ба зербиноҳо донист, зеро на дар ҳӯма, балки дар маркази шаҳрҳо қарор дорад.
Ба гуфтаи оқои Небензя, дар натиҷаи қатаъоти мушак ё мушакҳои украинӣ, ки аз масири худ хориҷ мешаванд, "ба рӯй он таъсисоте меуфтанд, ки Русия онҳоро ҳатто ҳадаф қарор надодааст".