ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. "Истиқлол"-и Душанбе пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо "Хуҷанд" 2:0 соҳиби Ҷом ва медалҳои тилло шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Дар маросими супурдани медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 ба "Истиқлол" ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин мудири кулли Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шокурбонов ширкат карданд.
Дастаҳои футболи "Равшан"-и ноҳияи Зафаробод ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан дар Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷадвал ду ҷои охирро ишғол карданд ва дар мавсими оянда ба Лигаи якум мегузаранд.
Қобили зикр аст, ки "Истиқлол"-и пойтахт барои бори ёздаҳум дар таърихи бошгоҳи худ медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистонро ба гардан меовезад.
Қаблан ин бошгоҳи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буб.