Дар Душанбе нишасти мудирони созмонҳои гардишгарии узви CICA бо ҳузури Эрон баргузор шуд

Руасои созмонҳои гардишгарии кишварҳои узви СИКА, аз ҷумла Эрон дар бораи мубориза бо ҳамагири COVID – 19 ва ироаи кумаку ҳимояти мутақобил тавофуқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Талошҳои муштарак барои бозсозӣ ва ташдиди табодули гардишгарӣ байни кишварҳои узви Таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (CICA) пас аз ҳамагирии Ковид - 19 аз дигар мавзӯоти мавриди тавофуқ дар нишасти маҷозии мудирони созмонҳои гардишгарии узви СИКА ба мизбонии Душанбе буд, иттилоъ додаааст хабаргузории ИРНА.
Тавофуқ дар бораи роҳандозии масирҳои гардишгарии муштараки ҷадид бо дар назар гирифтани эминии гардишгарон, аз ҷумла ҳангоми сафар байни кишварҳои узви ин созмон аз дастовардҳои нишасти (CICA) буд.
Чи Фанг, муовини мудири иҷроии дабирхонаи Сика бар аҳамияти тарвиҷи гардишгарии пойдор дар минтақа, эҷоди фурсатҳои даромадӣ барои мардуми маҳаллӣ, тақвияти дарки мутақобил ва дӯстӣ байни мардуму ҳифозат аз мероси табиӣ ва фарҳангии кишварҳои мақсад таъкид кард.
Эрон: Парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарӣ кумак мекунад
Таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (CICA) як маҷмаи байналмилалӣ барои тақвияти ҳамкорӣ бо ҳадафи тазмини сулҳ, амнияту субот дар Осиё аст.
Нишасти сарони Тарҳи эҷоди нишасти сарони Таомул ва иқдомоти эътимодсозӣ дар Осиё (СИКА) ҳар чаҳор соли як бор ва иҷлоси вузарои хориҷа ҳар ду соли як бор баргузор мешавад.
Акнун ин созмон 27 узв дорад ва дарбаргирандаи 12 узви нозири муштамил бар созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Араб ва теъдоде аз кишварҳо, аз ҷумла Малайзия, Индонезия, Ветнам, Ҷопон, Украина ва Амрико аст.
Эрон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Таиланд аз аъзои созмони СИКА ҳастанд.