ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар Сафарзода Мавҷуда, барои аз худ кардани маблағҳои давлатӣ дар се ҳолат ва сохтакории ҳуҷатҳои хизматӣ гумонбар дониста мешавад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, ба хонум Сафарзода ҷарима ва дар ҳолати барқарор накардани зарар аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ таҳдид мекунад.
Тавре ба “Фараж” Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ, муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар, хабар додааст, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бо моддаҳои 323 аз худ кардани маблғҳои давлатӣ ба андозаи беш аз 7 ҳазор сомонӣ ва 245 қисми 2 сохтакории хизматӣ айбдор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
“Сафарзода Мавҷуда дар се лаҳзаи аз худ кардани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста шуда, дар лаҳзаи аввал 1980 сомонӣ, лаҳзаи дуввум 691 сомонӣ, лаҳзаи сеюм 5003 сомониро аз худ намудааст. ҳамчунин руйхати ҳисоботи маошҳоро қалбаки омода намуда, бо имзои қалбаки маблағҳоро аз худ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки тибқи ин модаҳо ба гумонбар ҷарима аз 365 то 912 нишондод ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Манбаъ хабар додааст, ки Сафарзода Мавҷуда аз моҳи майи соли ҷори ба ин вазифа таъин гардида то ин дам дар ҳамин идора дар вазифаи дигар хидмат мекард.
Дар ҳафт моҳи фаъолияти Мавҷуда Сафарзода шаҳрвандон ба хусус сарбозоне, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба хона баргаштаанд аз моҳҳо пардохт нашудани маблағи муайянгардида барои онҳо шикоят ва изҳори нигаронӣ намудаанд.