ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Муовини вазори умури муҳоҷирон ва удваткунандагон Абдураҳмон Рошиди дар як паёми видиои гуфт, ки бархе эътирозот дар Эрон ва Покистон, мавзуъоти дохилии ин кишварҳост ва паноҳҷуён афғон набояд бо муътаризон ҳамкорӣ кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Рошиди хитоб ба муҳоҷирони афғони афзуд: “дар ҳиҷрат бояд ба шакли хуб зиндагӣ кунед. Ин ҳаводис мавзуъоти дохилии ин кишварҳост. Равобит ва зиндагии худро хароб накунед”.
Пеш аз ин гузоришҳоӣ мабнӣ бар ширкати бархе муҳоҷирони афғон дар тазоҳуроти зиди ҳукуматӣ дар чанд шаҳри Покистони мунташир шуда буд.
Ҳамчунин сухангӯии қувваи қазоияи Эрони ахиран аз боздошти 40 табаъаи хориҷӣ дар иғтишошоти ахири Эрон хабар дода буд.
Бо ин ҳол дар бораи ҳузури атбоъи афғон дар миёни боздоштшудагон хабаре дар даст нест.
Ёдовар мешавем, ки баъд омадани толибон ба сари қудрат, садҳо ҳазор афғонҳо ба кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур ҳиҷрат карданд.
Аксари муҳоҷирони афғон ба Эрон ва Покистон рафтанд. Ҳамзамон муҳоҷирони афғон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ гузашта буданд.