ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. СААД аз зарфияти кофӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархӯрдор аст.
Ин нуктаро дабири кулли СААД, Станислав Зас, зимни ҷаласаи мақомдорони кишварҳои узви созмон дар Ереван баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди таваҷҷуҳи ин созмон қарор дорад.
"Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мо ба эътидоли минбаъдаи равобит дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳем. Мо бовар дорем, ки СААД захираву таҷрибаи зарурӣ барои кумак ба ду кишвари мо дар расидан ба ин ҳадафро дорад", - гуфт Зас.
Вай таъкид намуд, ки мусоидати СААД дар сурате ироа хоҳад шуд, агар Тоҷикистону Қирғизистон инро зарур донанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Дар пайи ин таниш Ятимов ва Тошиев 25 сентябри соли равон санади қатъи низоъ дар марзро ба имзо расонданд. Ятимов ин санадро "ғайринизомисоз" гуфта, таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
Раиси КДАМ Тоҷикистон афзуд, расонаҳо, сиёсатмадорону блогерони алоҳидаро зарур аст, ки зимни инъикоси масоили марзӣ эҳтиёткор бошанд, чун ҳар ҳарфи ноҷо метавонад корро халалдор кунад.