ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон зиёда 5 млрду 602 млн доллари амрикоиро ташкил дод.
Ин нуктаро сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода зимни гузориши ахираш дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 28% ва ё 1 млрду 212 млн доллар зиёд шудаст.
Таъкид шудаст, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ ба воридот 3 млрду 793 млн доллар рост меояд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум ҳудуди 770 млн доллар ва 25,5% зиёд аст.
Содирот ба 1 млрду 808,8 млн доллар баробар шуда, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 32% афзудаст, бармеояд аз омори мақомоти гумруки Тоҷикистон.
Бар асоси иттилои Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, барои 9 моҳи соли равон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ наздики 4 млрду 783 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Таъкид шудаст, ки мақомоти гумрук нақшаи даромадро 11% барзиёд иҷро кардаанд. Ба буҷети давлатӣ 5 млрду 327 млн сомонӣ ворид шуд, ки ба 111%-и нақшаро ташкил медиҳад, афзуданд мақомоти гумрук.