ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Хадамоти матбуот хабар додааст, ки дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.
Инчунин тарафҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.
“Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қазияи Афғонистон низ меҳвари таваҷҷуҳи тарафҳо будааст.
Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.