ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Сергей Наришкин хадамоти махсуси Русия ва Тоҷикистонро шарикони боэътимод номид, хабар медиҳад оҷонсии ТАСС,
"Ҳамкории байни Хадамоти кашфи хориҷии Русия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таърихи бой дорад, мо шарикони боэътимод ҳастем"
Ба гуфтаи вай, сол то сол мизони ҳамкориҳо ва ҳаҷми табодули иттилооти иктишофӣ байни вазоратҳои ду кишвар васеъ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Наришкин феълан бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад ва аллакай бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот намуд.
Мавсуф ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон ва раиси КДАМ Саймунин Ятимов вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
Ҳамзамон масоили шарикии стратегии ду давлат, таъмини амният, ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус низ меҳвари гуфтугӯи Наришкин ва Раҳмон қарор гирифт.
Илова бар ин, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо, муқовимат бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.