ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Кишоварзони ноҳияи Ашти вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 100% иҷро намуданд.
Дар ин бора котиботи раиси вилояти Суғд хабар дода, афзуд, ки кишоварзони ин ноҳия 100,1 фоизи нақшаро амалӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, соли равон дар ноҳияи мазкур дар масоҳати 6323 гектар замин, ҷамъан 17 311 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Кишоварзон асосан тухмиҳои серҳосили "Мая", "Флеш" ва "Дӯстӣ" кишт карданд.
Дар таъмини иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаи ноҳия хоҷагиҳои пахтакории ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳиссагузорӣ намудаанд. Нақшаи солона дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод 111,1%, Пунук — 109,3%, Ашт — 112,8%, Ориён — 103,4%, Ошоба — 106,9% ва дар Ифтихор 104,3% иҷро карда шудааст.
"Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, пахтакорони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда ҳосили боқимондаи пахтаро ҷамъоварӣ намоянд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен аз иҷрои пурраи нақша ҳисобот дода буданд.