ДУШАНБЕ, 22ноя – Sputnik. Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар изҳороти ахири худ дар бораи авзоъи кишвараш ва нишасти ахир Маскав гуфт.
Ба гуфтаи вай, роҳи ҳалли мушкили Афғонистон гуфтугӯҳои воқеӣ миёни гурӯҳҳои афғон аст на ҳукӯматҳои эътилофӣ ва мушорикатӣ, ки аз хориҷ таҳмил мешавад.
“Нишасти Маскав дар ҳоле бо ҳузури намояндагони ҳудӯди сад кишвари муҳим ва мутаассир аз вазъияти амниятӣ ва сиёсии Афғонистон, аз ҷумла ҳамсоягон баргузор шуд, ки намояндае аз Афғонистон дар он даъват нашуда буд”, - гуфт Ҳикматиёр.
Ин чеҳраи сиёсии Афғонистон қайд кардааст, ки меҳвари аксари суханронони ин нишаст ва нигарониҳои умдаи онҳо, мутолибаи ташкили ҳукумати ҳамашумул ва изҳори нигаронӣ аз тадовуму густариши ҳузури террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон буд.
Вай гуфт, афғонҳо барои муқобила бо мушкилот ногузиранд бо тамомии ҷиноҳҳои таъсиргузор бо музокироти байналафғонӣ, бидуни қайду шарти қаблӣ ва бидуни дахолати хориҷӣ, тавофуқ кунанд.