Ҳамдардии Раҳмон ба Видодо: Аз заминларзаву паёмадҳо он сахт андуҳгин шудем

Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои индонезиаш вобаста ба ҷон бохтани теъдоди зиёди одамон дар заминларзаи ахир дар ин кишвар барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
“Хабари заминларзаи шадид дар ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки бар асари он теъдоди зиёди одамон ҷон бохтаву осеб диданд, боиси андуҳи мо гардид”,- зикр кардааст раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияаш.
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардии амиқи худро ба Ҷоко Видодо, мардуми дӯсти Индонезия ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор кардааст.
Сиёсати "дарҳои боз": Раҳмон ба сафирон аз Африқо, Аврупо ва Амрикою Украина чӣ гуфт?
“Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи расонаҳои маҳаллӣ дар заминҷунбии ахире, ки дар Индонезия сурат гирифт дасти кам 162 нафа ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Индонезия, дар ҷазираи Ява рӯзи якшанбе заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи он аз рӯи ҷадвали рихтер 5,6 балл арзёбӣ мешавад. Дар ин ҳодиса дасти кам 162 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тақрибан 14 ҳазор сокини Ява хонаҳои худро аз даст доданд ва ҳоло дар урдугоҳҳо барои қурбониён ва гурезаҳо зиндагӣ доранд.