Аз 23 дараҷа хунук то 17 дараҷа гармӣ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорат дар бархе аз навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 8 дараҷа, дар Суғд то 12 дараҷа, дар Хатлон то 17 ва Душанбе то 15 дараҷа гарм мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш дар назар мебошад, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат ғар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15, дар баъзе минтақаҳо то 18-23 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар бархе аз навоҳии Хатлон борони суст дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона барфрезӣ сурат мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат шабона 4+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.