ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар Тоҷикистон 975787 тоннаро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки нисбати соли гузашта 84577 тонна зиёд ҷамъоварӣ карда шудааст.
Дар асоси маълумотҳои вазорат майдони кишти ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 304003 гектар ташкил дода, ба ВМКБ 4149 гектар, вилояти Суғд 107654 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50073 гектар рост меояд.
Ҳамзамон тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли равон майдони даравидашуда дар ҷумҳурӣ 303118 гектар буда, ба ВМКБ 4149 гектар, ба вилояти Суғд 106768 гектар, вилояти Хатлон 141376 гектар, Душанбе 752 гектар ва ба НТҶ 50073 гектар ташкил медиҳад.
Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 32,2 сентнер буда, ба ВМКБ 15,4 сентнер, ба вилояти Суғд 29,1 сентнер, вилояти Хатлон 36,2 сентнер, Душанбе 24 сентнер ва ба НТҶ 28 сентнер рост меояд.
Тибқи пешгӯиҳо, Тоҷикистон воридоти гандумро аз 1,1 миллион тоннаи соли 2021 то соли 2024 ба 1,4 миллион тонна мерасонад. Ӯзбекистон дар 5 моҳи аввали соли 2022 хариди гандум ва ордро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30% афзоиш додааст.
Дар ҳамин ҳол, қариб 90%-и воридоти ғалла ба ин ду кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад. Ва имкониятҳои содиротии он метавонад ба зудӣ аз сабаби сенарияи манфии марбут ба шиддат гирифтани норасоии об ва коҳиши қариб 40% ҳосил то соли 2030 коҳиш ёбад.
Қобили зикр аст, ки барномаи анҷуман ба бозорҳои ғалладона ва маҳсулоти равғанин дар Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Эрон нигаронида шудааст.