Дастури вазир дар бораи бартарафсозии қарздории музди меҳнат

Вазири меҳнат ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи дар навбати аввал бартарафсозии қарздории музди меҳнат супориши қатъи дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи бартарафсозии қарздории музди меҳнат таҳти роҳбарии вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин ҷаласа вазири қайд кардааст, ки масълаи пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва бартарафсозии қарздории музди меҳнати кормандон зери таваҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон аст ва аз ин ру моро зарур аст дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешем.
Тағйироти музди миёнаи меҳнат дар давоми 27 сол
Ҳамзамон, дар ҷаласа вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта механизмҳои нав ва дарёфти роҳҳои нави бартарафсозии қарздории музди меҳнат, супоришҳо дод.
Аз ҷумла дар доираи барномаҳои нави соҳавӣ, ҷалби сармоягузории хориҷиву дохилӣ ва таъмини рушди ташкилоту муассисаҳо ва дар ин замина, аз даромади бадастомада дар навбати аввал бартараф намудани қарздории музди меҳнат дастуру супоришҳо дод.