Бозсозии бист хонаи харобшуда дар муноқишаи марзӣ – видео

Сохтмони бист хонаи истиқоматии сокинони деҳоти Чоркӯҳи Исфара, ки ахиран дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ сухта валангор шуда буданд, бозсозӣ шуданд
Sputnik
Қарор аст, ки то се рӯзи баъд, ин хонаҳои навбунёди сокинони наздимарзӣ дубора ба соҳибонашон тақдим хоҳад шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафар кард ва аз ҷараёни сохтмони манзилҳое, ки ахиран дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд.
Масъулин ва сохтмончиёни деҳоти наздимарзии шаҳри Исфара дар бораи баистифодадиҳии бист манзини навсохт дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хабар медиҳанд.
Чоркӯҳ: сохтмони бист хонаи сӯхташуда дар марз ба анҷом расидааст – акс
Ҳоло беш аз 95 дарсади корҳои сохтмонии ин манзилҳои истиқоматӣ ба иҷро расонида шудааст. Сохтмончиён азм доранд корҳои рангубори дохил ва беруни хонаҳоро ба итмом расонанд.
Рӯзи 25 ноябр дар марҳилаи аввал бист иморати навсохт дар деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода мешавад.
Сармо наздик: Бунёди хона барои зарардидаҳо дар марз дар чӣ ҳол аст - акс
Қаблан мақомот иттилоъ доданд, ки бар асари даргирии марзии рӯзҳои 14 – 16 сентябр 96 ҳолати оташгирии хонаҳои истиқоматӣ ва иморату иншооти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сабт шудааст, ки зарари он беш аз 32,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
Даргирии нимаи моҳи сентябр миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари хисороти зиёди моддӣ садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷонибро барҷой гузошт.