Ҳимояти парлумон аз бунёди корхонаи бузурги сементбарорӣ дар Тоҷикистон

Ҳадафи ҷонибдорӣ аз тарҳи ҷадиди корхонаи сементбарорӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоидат барои саноаткунонии босуръати кишвар арзёбӣ шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи ҳукумат бо ширкати инвеститсионию истеҳсолии "Ориён Инвест"-ро ба тасвиб расонд.
Бар асоси ин созишнома, ширкат бо ҷалби сармоя корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро сохта ба истифода медиҳад.
Таъкид шудаст, ки тарҳи мазкур дар доираи саноатикунонии Тоҷикистон бо ҳадафи баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии кишвар роҳандозӣ гардидаст. .
Бар асоси созиш корхонаи мазкур дар ду марҳила амалӣ шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 2 млн тонна сементи навъи ба сулфат тобовар ва сементи навъи М-400 мебошад.
Интизор меравад, ки корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 160 млн доллари амрикоӣ сохта мешавад.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар Бӯстон
Дар ҳоле, ки нигарониҳо аз паёмадҳои экологии фаъолияи корҳонаҳои сементбарорӣ дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳанд, масъулин изҳор медоранд, ки дар корхонаи мазкур таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафта бо назардошти меъёрҳои муҳитзистӣ насб мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, низ бо имзои як қарори ҳукумат аз ин тарҳ ҷонибдорӣ карда буд.
Ширкати истеҳсолию инвеститсионии "Ориён инвест", тавре дар сомонааш зикр мешавад, соли 2015 бо қарори муассисони ҶСК "Ориёнбонк" таъсис ёфтааст. Фаъолияти асосии ширкат барои пешниҳоди хизматрасониҳои инвеститсионию истеҳсолӣ дар самти иқтисод равона карда шудааст, омадааст дар муаррифиномаи ширкат дар сомонааш.
Азми фаъолсозии корхонаи дигар дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул мебошанд. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.