ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 15 дараҷа, ВМКБ то 8, Суғд то 15 ва Хатлон то 17 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво асосан бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15, дар баъзе минтақаҳо то 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Боришот дар вилояти Хатлон низ дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борону дар бархе минтақаҳои куҳӣ барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳри Душанберо низ ҳавои абрнок фаро гирифта, шабона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст, аммо рӯзона боришот сурат намегирад. Ҳарорат шабона 5+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.