Бозигарони тими миллии Русия дар варзишгоҳи "Пахтакор" - и Тошканд бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом доданд.
Нимаи аввали бозии тимҳои Русия ва Ӯзбекистон бидуни гол анҷом ёфт. Дар пайи бозгашт аз танаффус низ ба ягон тараф аз ҷонибҳо муяссар нашуд, голро вориди дарвозаи рақиб кунад ва бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи миллии Русия дар меҳмонӣ бо дастаҳои мунтахаб аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи вақтҳои охир чанд бозӣ анҷом дод.
Аз ҷумла ин тим таҳти роҳбарии Валерий Карпин қаблан дар Бишкек бо дастаи Қирғизистон вориди майдон шуду бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Шоми 17 ноябр тими Русия дар Душанбе бо Тоҷикистон бозӣ кард, ки бидуни гол бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Петр Сегрт дар арзёбии натиҷаи бозии дӯстона изҳор дошт, ки Русия дастаи тавоносту барои тими Тоҷикистон мусовӣ муодили пирӯзист. Вай афзуд, ҳамчунин тими Тоҷикистон метавонист, ғалаба ҳам кунад, аммо Русия ҳам лаҳзаҳои худро дошт
Ба гуфтаи сармураббӣ, пас аз нимаи аввал ба бозигаронаш гуфтаст, ғолиб наоед ҳам, набояд мағлуб шавед, ки ба хубӣ аз уҳдаи иҷрои он баромаданд.