ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Муноқишаи лафзӣ миёни ду гурӯҳи одамон дар як анбори шаҳри Пушкин ба занозанӣ печид ва дар натиҷа як нафар захмӣ шуд.
Дар ин бора ба ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав хабар доданд.
Маълумот дар бораи муноқиша дар яке аз анборҳои Пушкин ба пулис рӯзи 18 ноябр соати тахминан соати 00:30 ба вақти Маскав расид.
"Кормандони милиса, ки ба суроғаи дар боло зикргардида расидаанд, қаблан муайян кардаанд, ки миёни ду гурӯҳи мардон муноқишаи лафзӣ ба вуқӯъ омада, ба занозанӣ мубаддал шудааст ва дар ҷараёни он яке аз иштирокчиён ба ҳамкорашро бо корд маҷрӯҳ кардааст", - омадааст дар хабаръ.
Сарраёсати ВКД афзуд, дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар бо ҷароҳатҳои сабук барои кумак ба табибон муроҷиат кардааст. Пулис тамоми ҳолатҳои ҳодисаро муайян мекунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи хабар доданд, ки дар занозанӣ аслан муқоҷирон кор мекарданд. Сабаби муноқиша ва баъдан занозанӣ ихтилоф дар сари навбатпоӣбудааст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар афзудааст.
"Теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 10 дарсад бештар будааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҷиноятҳо дар панҷ соли охир ба ҳадди баландтарин расидааст", - зикр шуда буд дар хабари вазорат.