Дар Тоҷикистон беморие хуруҷ кардааст, ки асосан наврасонро гирифтор мекунад

Ин маризӣ на коронавирус, балки зарпарвин мебошад, ки дар муқоиса бо як пеш пеш, соли ҷорӣ бештар авҷ гирифтааст ва асосан наврасонро домангир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр 1850 нафар гирифтори бемории зарпарвин гардиданд, хабар медиҳанд оҷонсии “Ховар” бо истинод ба Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ.
Ба таъкиди Ҷаъфаров, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёдтар мебошад.
Қайд гардид, ки бемории зарпарваин асосан дар фасли тирамоҳ хуруҷ мекунад, зеро вирусҳои барангезандаи беморӣ дар ин фасл зиёд мешаванд.
Соли равон гирифтории наврасони 18-сола ба ин беморӣ 94 фоиз ташкил медиҳад.
Хуруҷи бемории сурхча ва гулафшон: эмгузаронии иловагӣ дар бархе навоҳии Тоҷикистон
Нишонаҳои аввали бемории зарпарвин ин камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошад.
Дар сурати нодида гирифтани ин нишонаҳодар бемор нишонаҳои дигар аз қабили вазнинӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар пайдо мешавад.
Инчунин дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешаванд.
Табибон мегӯяд, худи зардпарвин ҳолати хатарнок нест, балки нишонаи беморӣ ё бемории вазнинтар аст.
Ин беморӣ, ки аз таъсири вирус пайдо шудааст, барои атрофиён манбаи сироят мебошад. Аз ин рӯ, шахси бемор ҳатман бояд макони зисти худро аз атрофиён ҷудо намуда, бистарӣ кунонида шавад.