ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 14-сола бо пирӯзии тими Тоҷикистон дар Ҳисор анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бояд гуфт, мунтахаби наврасони кишвар таҳти раҳбарии Далер Каёсов дар чаҳор бозии анҷомшуда чаҳор пирӯзӣ ба даст овард.
Дар даври охирин тими Тоҷикистон бар футболбозони Афғонистон бо ҳисоби калони 6:0 ғалаба кард.
Дар ин мусобиқа медали нуқраиро футболбозони Эрон ва ҷои саввумро тими Ӯзбекистон азхуд кард.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби наврасони тоҷик нахустин бозии худро бо футболбозони Туркманистон доир карданд ва бо ҳисоби бузурги 10:00 ҳарифони худро ноком карданд.
Ҳамчунин бозиҳои навбатӣ бо дастаҳои Ӯзбекистону Эрон низ ба фоидаи футболбоони тоҷик анҷом ёфт ва дар ниҳоят мунтахаби Афғонистон низ натавонист варзишгарони моро шикаст диҳад.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад. Он 10 июни соли 2014 таъсис ёфта, расман 9 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кард