ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ин ниҳод дар охирин гузориш худ мегӯяд, ки бархе аз ҳамлаҳои шабонаи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистони бар бунёди иттилооти нодурусти анҷом шудаанд ва ин масъала бояд пайгирӣ шавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Муовини бахши Осиёии ин ниҳод мегӯяд, ки ин созмон дар бист соли гузашта ҳамлаҳоеро баррасӣ кард ва он нишон дод, ки онҳо бар бунёди иттилооти нодуруст роҳандозӣ шудаанд ва дар натиҷаи он ғайринизомиёни ҷон бохтаанд.
Патритсия Гусман, муовини бахши Осиёии дидабони ҳуқуқи башар дар ин бора чунин мегуяд: "ҷиноҳҳои даргир дар ҷанг мувазафанд ҷиноятҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд. Дар ҷараёни даргириҳо неруҳои Амрикоӣ ба пурсишҳо дар бораи талафоти ғайринизомиён посух медод, ки гуё ҳамаи кушташудагон ҷангҷӯён буданд”.
Аз сӯйи ҳам Иморати исломӣ баррасиҳои бе тарафона дар бораи ҷиноятҳои ҷангии неруҳои хориҷӣ дар Афғонистонро меситояд.
Муовини сухангӯии толибон гуфт: "кишвари мо бист соли зери бомбаборон ва ваҳшат буд, агар онҳо ба шакл бе тарафона ва ваҳшатҳову ҷинояти ишғолро баррасии намоянд як гоми хубаст".
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз хониводаҳое, ки дар амалиётҳои шабона ва ё ҳам бомбаборони неруҳои хориҷӣ бастагонашонро аз даст додаанд, хоҳони адолат ҳастанд.