ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Футболбозони тоҷик аз натиҷаи бозӣ бо мунтахаби Русия шод ҳастанд.
Капитани тими миллии футболи Тоҷикистон, бозигари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Аҳтам Назаров натиҷаи бозии дӯстонаро ба Sputnik Тоҷикистон чунин шарҳ дод.
"Русия як дастаи хеле хуб дорад, мо медонистем, ки бо кӣ бозӣ мекунем ва омода будем. Бозии хуберо анҷом додем", - гуфт бозигар.
Ба гуфтаи ӯ, “ҳар даста мехост пирӯз шавад, аммо дӯстӣ пирӯз шуд ва мо аз ин шодем”.
"Мо аз бозӣ хуш будем. Ташаккур ба федератсияҳои кишварҳои мо, ки ба ин бозии дӯстона мувофиқат карданд", - афзуд Назаров.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон дар сурати даъват шудан ба бозӣ дар Русия хурсанд хоҳанд шуд.
Қаблан бархе аз коршиносон тахмин мезаданд, ки шояд футболбозони рус бинобар сифати ғайриоддӣ майдони футбол барои онҳо мушкилӣ пеш овард, варзишгарон бояд муддати тӯлонӣ ба он одат кунанд ва аз ин рӯ, дер вориди бозӣ шуданд.
Аммо Назаров мегӯяд, дар Тоҷикистон беҳтарин сифати майдони футбол маҳз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт аст.
Рӯзи 17 ноябр дар пойтахти ҷумҳурӣ бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ин дидор аввалин бозии Русия ва Тоҷикистон дар таърих буд.
Бо вуҷуди кушода нашудани ҳисоб, коршиносон бар ин назаранд, ки тими Тоҷикистон аз бозӣ бо як рақиби пурқувват таҷрибаи хуб гирифт.