Тамдиди маҳдудияти парвоз ба 11 фурудгоҳи Русия

Роҳандозии маҳдудиятҳо дар қабулу гусели ҳавопаймоҳои мулкӣ дар фурудгоҳҳои қисмати ҷанубу маркази Русия қариби 9 моҳ боз давом дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Парвози ҳавопаймҳо ба фурудгоҳҳои ҷанубу маркази Русия, ки дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардид, то 27 ноябр тамдид шуд.
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 27 ноябри соли 2022 амал мекунад", - омадааст дар иттилоияи "Росавиатсия".
Ин ниҳод дар рӯйхати фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, ҳамоно Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элистаро ном бурдаст.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Небензя: Лаҳистон ва Украина кӯшиш карданд, ки бархӯрди Русия ва НАТО-ро барангезанд
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали соли равон амал мекунад.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.