Боғу гулгаштҳои зебо: Симои нав Қасри Арбоб - видео

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” як боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёд ёфтааст
Sputnik
Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забони хурду бузург гардидааст.
Имрӯзҳо мавзеи Қасри Арбоб мақоми таърихӣ, ҷойи истироҳатӣ ва тамошогоҳи сокинони маҳалливу хориҷӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди “Қасри Арбоб” боғи навро ифтитоҳ кард
Санги аввали бино соли 1951 аз тарафи Қаҳрамони Тоҷикистон алома Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст.
Соли 1957 ба муносибати 40-солагии ғалабаи Инқилоби Октябр ин қасри муҳташам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт: ММД 53 баробар афзуд
Роҳбари умумии сохтмон раиси овозадори хоҷагӣ, ду карат “Қаҳрамони меҳнат” Саидхӯҷа Урунхоҷаев ва сармеъмор Ҳикмат Юлдошев буданд.