Барои муҳоҷирони меҳнатӣ сомонаи интернетӣ барои ҷустуҷӯи кор дар Маскав роҳандозӣ шуд

Сомонаи нав барои шуғл ба шаҳрвандони хориҷӣ дар режими онлайнӣ аз корфармоёни боэътимод дар аксари бахшҳо кор пешниҳод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират як сомонаи вижаеро барои корфармоён ва шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ кардааст.
Сомона ба муҳоҷироне, ки барои кор ба Маскав меоянд, дар пайдо кардани ҷои кор дар пойтахт кумак мекунад.
Сомонаи интернетӣ бо шакли содда ва фаҳмо сохта шудааст ва барои корбарон бо чанд забон, аз ҷумла тоҷикӣ таҳия шудааст.
Ба гуфтаи Мария Багреева, вазири ҳукумати Маскав, сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушд, шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд дар Маскав ва вилояти он тариқи онлайнӣ соҳиби кор шаванд.
Оверчук баъди гуфтушунид дар Душанбе: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешаванд
Хизматрасонӣ инчунин мусоҳиба бо корфарморо низ дар бар мегирад.
Ба гуфтаи Багреева, корфармоён инчунин метавонанд аз миёни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи меъёрҳои, ки дар ҷустуҷӯи дархост кардаанд, кормандони соҳибихтисос пайдо кунанд.
Сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди Раёсат афзуд, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират барои рушди равобити муҳоҷиратии Русия бо давлатҳои ҳамсояи дӯст пайваста корҳои густурдаеро пеш мебарад.
Вай ёдовар шуд, ки қаблан Маркази бисёрсоҳавӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намояндагиҳои худро боз карда буд.