Ҷонибдории ҳукумат аз иваз кардани Ҷиргатол: Маҷлиси миллӣ баррасӣ мекунад

Номи Ҷиргатол, ки қаблан дар сатҳи ноҳия иваз шуда буд, аз ҷониби мақомот боз пешниҳод шудааст, дар сатҳи деҳа ва ҷамоати деҳот низ иваз гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод барои иваз кардани бархе аз ҷойномҳо дар ноҳияи Лахш, собиқ Ҷиргатолро баррасӣ мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Лахшро ҷонибдорӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудаст.
Аз ҷумла тибқи ин пешниҳодот, ки ҷонибдорӣ шудаст, деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз тағйири ном мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи ноҳияи Ҷиргатол соли 2016 ба Лахш иваз карда шуд.
Аввали соли равон беш аз 40 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.
Аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ба Нурафшон, деҳоти Сартало ба Саритал, деҳоти Қашот ба Истиқлол, деҳоти Муқсу ба Лахши Боло, деҳоти Алға ба Сайлиобод тағйири ном карданд.
Азми мақомоти тоҷик барои тағйири қариб 5 ҳазор ҷойном дар Тоҷикистон
Номи деҳаи Яраши деҳоти Пилдон ба Дӯстобод, деҳаи Чубайи деҳоти Пилдон ба Лолазор, деҳаи Занкони деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Қалъаи Зангкӯб, деҳаи Қарчини деҳоти Ҷиргатол ба Кӯҳдоман, деҳаи Ҷанҷери деҳоти Ҷиргатол ба Навдиёр, деҳаи Ақҷари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедҷар табдили ном карданд.
Инчунин деҳаи Чонқирғизи деҳоти Янгишаҳр ба Зарбоғ, деҳаи Ярмазари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Ёрмазор, деҳаи Долонои деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Дӯлона, деҳаи Янгишаҳри деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Хуррамшаҳр, деҳаи Қашқатераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедорак, деҳаи Ҷултераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Корвонгузар табдил ёфтанд.
Деҳаи Қушағбаи деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дуағба, деҳаи Шилбилии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Бушолон, деҳаи Ҷилондии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дашти мурғон, деҳаи Сугати деҳоти Сурхоб ба деҳаи Обшорон иваз шуданд.
Табдили номи деҳаи Сарталои деҳоти Сартало ба деҳаи Саритал, деҳаи Ҷолболот ба деҳаи Навроҳа, деҳаи Чар ба деҳаи Чордара, деҳаи Қазақтар ба деҳаи Қазоқон, деҳаи Қоштегирмен ба деҳаи Осиёбон, деҳаи Минбулоқ ба деҳаи Ҳазорчашма, деҳаи Домбрачии деҳоти Қашот ба деҳаи Думбрасозон аз тағйроти дигар мебошанд.