Дар Тоҷикистон ба нафақахӯрон беш аз 2,6 миллиард сомонӣ пардохт шудааст

Тибқи маълумоти оморӣ, ин маблағ ба шаҳрвандоне, ки аз рӯи синну сол ба нафақа баромадаанд, инчунин ба дигар категорияҳои бознишастагон дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти ахир, ҳудуди 755 ҳазор нафар ҳаққи дарёфти нафақаро доранд.
Тибқи омор, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон 2,6 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,1 миллиард сомонӣ будааст.
Шумораи нафақахӯрон бошад, ба аввали моҳи октябри соли равон 754 ҳазору 977 нафарро ташкил додааст.
То 25 ҳазор сомонӣ: нафақаи аз ҳама зиёдро дар Тоҷикистон кӣ мегирад
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пардохти нафақа дар Тоҷикистон аз рӯи маоши шаҳрвандон ҳисоб карда мешавад ва аз ин рӯ, ҳадди ниҳоии гирифтани онҳо вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бахши молия мегиранд. Инчунин, кормандони бозори суғурта ба қатори категорияҳои коргарони муздгиранда дохил мешаванд.
Ба ин тартиб, тибқи омор, маоши коргарони ин бахшҳо беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ки нафақаи баландтаринро низ онон мегиранд.
Зимнан, солҳои тӯлонӣ маоши камтарин барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорон – 726 сомонӣ аст ва нафақаи камтарин низ аз онон аст.
Тибқи ҳисоботҳо дар соли 2022 давлат ҳар моҳ барои пардохти нафақа ҳудуди 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2021 2,4 дарсад ё худ 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.