Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан

Дипломати тоҷик дар Эрон гуфтааст, ки Тоҷикистон захираҳои маъдании зиёде дорад ва омодаи пазириши сармоягузорон аз Эрон ва кишварҳои узви ЭКО мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дабири аввали Сафорати Тоҷикистон дар Эрон Маъруфҷон Абдураҳмонов, дар иҷлоси коршиносони маъдании кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар Исфаҳон гуфт Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ аст ва 93 дарсади қаламрави онро куҳҳо ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз дорои захоири фаровони маъданӣ аст, ки фаротар аз ҷадвали Менделеев мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тудей"
Дипломати тоҷик дар бораи заминаҳои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар Тоҷикистон, омодагии кишварро барои эҷоди корхонаҳои саноатӣ ва пазириши сармоягузорон аз Эрон ва кишварҳои узви ЭКО эълом кард.
Ҳаштумин иҷлоси коршиносони маъдании кишварҳои узви ЭКО рӯзи душанбеи ахиран ба мизбонии Созмони заминшиносӣ ва бо ҳимояти Утоқи бозаргонии Исфаҳон дар бораи мулоҳизоти заминшиносӣ ва дар ростои ҳамкориҳои маъданӣ ва иктишофи маодин байни кишварҳои узв баргузор шуд, ки коршиносони маъдании шаш кишвари узви ЭКО, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар он ширкат доштанд.
Тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарии кишварҳои ЭКО бо Эрон ва Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Амирҳусайни Кумайлӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорати устони Исфаҳон низ дар ин нишаст гуфт, Эрон барои ҳамкории муштарак бо кишварҳои узви ЭКО омодагии комил дорад.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) акнун бо 10 узв, 480 миллион нафар ҷамъият ва ҳашт миллиону 620 ҳазору 697 километри мураббаъ вусъат, аз манобеи ғании энержӣ бархӯрдор аст.