Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Тамрини пеш аз бозии Русия - Тоҷикистон дар Душанбе чӣ гуна доир шуд: видео

Дастаҳои ду кишвар барои тамрини пеш аз бозӣ, ки шоми 17 ноябр дар майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе вомехӯранд, ба майдон омаданд
Sputnik
Дастаҳои Русия ва Тоҷикистон тамрини асосиро пеш аз бозии дӯстонаи дарпешистода анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки бозингарони ҳар ду даста азму иродаи қавӣ доранд, ки ғалаба ба даст оранд, мақсади асосии онҳо дар назди ҳаводорон нишон додани натиҷаи беҳтарин аст.
Дастаи Русия ҳайати пурқувват дорад, аммо ин танҳо дастаи Тоҷикистонро ба бозии муносиб бармеангезад.
Сармураббиҳои мунтахабҳо усулҳои бозии дар пешистодаро кор карда баромаданд.
Сегрт аз омодагии ғайриоддӣ аз бозӣ бо тими Русия суҳбат кард - видео
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои Тоҷикистону Русия рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Қаблан Алишер Урунов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон қайд карда буд, ки бозии Тоҷикистону Русия на танҳо барои Душанбе, балки барои футболи маҳаллӣ ва мухлисон як рӯйдоди бузург аст.