ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Мардуми Тоҷикистон Русияро дӯст медоранд ва дар ин ҷо мисли баъзе ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ русбадбинӣ вуҷуд надорад.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе зимни мулоқот бо бозигарони тими миллии футболи Русия пеш аз бозии дӯстона бо тими Тоҷикистон изҳор дошт.
"Тоҷикистон кишвари дӯст аст. Дар ин ҷо Русия ва русҳоро дӯст медоранд ва русбадбинии аблаҳонае, ки дар бархе аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ қувват мегирад, дар ин ҷо нест. Дар ин ҷо Русияро дӯст медоранд ва футболро низ на камтар аз он дӯст медоранд", - афзуд дипломат.
Дипломат, ки дар тамрини футболбозон ширкат дошт, ҳушдор додааст, ки “Тоҷикистон заифтарин тими футбол нест, аз ин рӯ бозӣ барои шумо ҷолиб ва муфид хоҳад буд”.
Григорев таъкид кард, ки чандсад нафар русҳо, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, дастаи мунтахаби кишварро дастгирӣ мекунанд.
Ба қавли ӯ, "дар ҳар кори баде хайре низ ҳаст". Григорев ба Тоҷикистон омадани футболбозони русро чунин шарҳ дод.
"Бад он аст, ки варзиш ва футболи Русия аз майдонҳои байналмилалӣ маҳруманд. Ва хубаш ин аст, ки шумо ба кишварҳое меоед, ки онҳо аз дидани шумо хурсанд мешаванд ва дар он ҷо бозӣ кардан, ба фикрам, гуворо хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои Тоҷикистону Русия рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.