ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ба як макони камхарҷ барои русҳо дар рӯзҳои таҷлили соли нави мелодӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои хадамоти сайёҳии OneTwoTrip, аз 30 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 сафар ба кишварҳои хориҷи наздик хоҳанд шуд.
Манбаъ нархи чиптаҳои парвозро дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ таҳлил кардааст.
Арзиш аз рӯи шаҳрҳои пешрафта омӯхта шудааст – ба хусус парвозҳо аз Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Екатеринбург ва Минералные Воды ба тарафи панҷ кишвари арзонтарин аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Нархҳо барои як шахс ва як тараф ҳисоб карда шудааст.
"Инак аз Маскав ба Тоҷикистон метавон аз 26,4 ҳазор рубл, аз Санкт-Петербург - 33,5 ҳазор рубл ва аз Екатеринбург арзонтар - ҳамагӣ 20,9 ҳазор рубл чиптаи парвоз харид", — омадааст дар маълумоти хадамот.
Беларус арзонтарин самт будааст - арзиши миёна аз пойтахти Русия тақрибан 15,6 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Дар мавриди кишварҳои ҳамсоя бошад, арзиши чита аз Маскав ба Ӯзбекистон ҳамагӣ 17,8 ҳазор рубл ва ба самти Қирғизистон 21,1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Аз Санкт-Петербург арзонтарин парвоз ба Арманистон будааст нархи чипта 21,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.