ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни муҳокимаи парлумонӣ гуфт, ки мусбӣ ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар имкон доданд, ки нишондиҳандаҳои фискалӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот ва касри буҷет низ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд.
Ба гуфтаи вай, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар сатҳи 103,2 фоизи нақша таъмин гардид
Оқои Қурбонзода илова кард, ки ба буҷети давлатӣ 24,3 млрд сомонӣ даромад ворид гардидаст.
“Барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 757,4 млн сомониро ташкил дод”, - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иқтисод ва молия.
Вай афзуд, гарчанде нақшаи қисмҳои даромади буҷет дар 9 моҳи соли ҷорӣ иҷро гардида бошад ҳам, вале дар истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ камбудиҳо ба назар мерасанд.
Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои судманд андешанд.