ДУШАНБЕ, 17 ноя— Sputnik. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон имкон дорад то охири соли равон ҳал шавад.
Дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни суханронӣ дар порлумон пас аз тасвиби созишнома бо Ӯзбекистон изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки барои сулҳ ва тавофуқи мутақобила бо ҳамсояҳо бояд талош кард, то сокинони ин ду ҷумҳурӣ дигар дар муноқишаҳои марзӣ ҷонашонро аз даст надиҳанд.
"Ҳоло мо ба масъалаи марз бо Тоҷикистон машғул мешавем. Агар монеа набошад, Худо хоҳад, то соли нав лоиҳаро пешниҳод мекунем", - гуфт ӯ.
Рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи созишнома бо Ӯзбекистон дар бораи охирин қитъаҳои баҳсбарангези марзи ду кишварро тасвиб карданд.
Тибқи ин тарҳ, ҳудуди 19 ҳазор гектар минтақаҳои баҳсбрангез ба контроли Қирғизистон мегузарад ва ба Ӯзбакистон 4,5 ҳазор гектар, аз ҷумла обанбори Кемпир-ободро мегузарад.
Тоҷикистону Қирғизистон пайваста дар мавриди аломатгузории марзи муштарак мулоқотҳо баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-16 сентябр дар манотиқи марзии ду кишвар даргирии навбатӣ сурат гирифт.
Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона миёни низомиёни ҳарду ҷониб даҳҳо нафар кушта, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ин муноқишаро фалокатбор унвон карданд.