ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи панҷро барои 20 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли кишвар маҳкумшуда Исанқулов Муҳаммадҷони 37-сола дар қатли падари 78-солааш Бустонов Аваз гунаҳкор дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 7 июн дар пайи нӯшидани шароб ва мадҳушӣ сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, писару падар якҷоя машрубот нӯшидаанд, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз нушидани машруботи спиртӣ, падар дар ҳолати мастӣ қарор гирифта, дар хусуси рафта аз хонаи падарарӯси писараш, ба хонаашон овардани келину наберагонаш суҳбат намудааст, ки дар ин замина байнашон баҳсу муноқиша ба миён меояд.
Дар пайи ин писар бо болға як маротиба ба сари падараш зада, ӯро аз пой меафтонад ва бо ин қаноат накарда он ба дасту рӯяш низ зарба мезанад.
Дар натиҷаи ин зарбаҳо Бустонов Авази солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Қаблан маҳкумшуда дар бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт, пас аз нӯшокии спритӣ мадҳуш шуд ва ба чунин кор даст зад.
"Арақ нӯшидам, маст шудам ва пасон ҷанҷол шуду бо болға ба сараш задам, ки ғалтид. Ман низ хобам бурд, хестам, ки падар нафас намегирад", - афзуд мавсуф.
Мавсуф бар асоси моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноии кишвар алайҳи дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ суд шуда, ҳамакнун 20 солро дар зиндони низомаш шадид мегузаронад.
Ба иттилои мақомот, гумонбаршуда қаблан низ бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.