Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Муҳофизати чоркарата: чанд нафар дар Суғд алайҳи COVID – 19 ваксина гирифтаанд?

Ваксинзанӣ бо вояи чаҳорум алайҳи COVID-19 дар вилояти Суғд рӯзи 16 - уми августи соли ҷорӣ оғоз гардида буд ва то кунун наздик ба 50%-и аҳолӣ моякӯбӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Давоми се моҳ 49, 7 % - и аҳолии Суғд бо вояи чаҳоруми ваксина алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудааснд.
Зарина Тоҷибоева, директори Филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикӣ” дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори фарогирии сокинон ба воксинзаниро тавзеҳ дод.
“Ба ҳолати 16 ноябри соли ҷорӣ 739 ҳазору 569 нафар бо иммунизатсияи вояи чаҳорум фаро гирифта шудаанд” – гуфт, Тоҷибоева.
Бар пояи хабари манбаъ то ин вақт 99,5 % вояи сеюм, 103 % вояи дуюм ва 105% - и аҳолии Суғд аз вояи воксинаи аввал бар зидди беморонии коронавирус истифода кардаанд.
Воксинзании вояи чаҳорум бар зиддӣ бемории COVID-19 дар вилояти Суғд аз рӯзи 16 - уми августи соли ҷорӣ оғоз гардида буд.
Моякӯбии такрории кормандони тиб бар зидди коронавирус дар Тоҷикистон
Дар оғози моҳи август масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи ворид шудани 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” аз Чин ба кишвар хабар дода буданд.
Бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ гуфта мешавад.