Қодиров гуфт шарти оғози музокира бо Украина дар чист

Раҳбари Чеченистон ахиран дар мулоқот бо роҳбарони ниҳодҳои қудратии ҷумҳуриаш ба Украина барои оғози музокира барои барқарор намудани сулҳ шарт гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои қудратӣ аз “формули сулҳ”-и пешниҳодкардаи Владимир Зеленский барои коҳиш додани шиддати низоъ дар Украина интиқод кард.
Ӯ дар ин маҷлис назди раҳбарияти Украина шартҳои шартҳои худро гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Киев дар ҳоли ҳозир дар он шароите нестанд, ки чизе тавонанд талаб кунанд. Раҳбари Чеченистон дар мавриди шартҳои гузоштаи Русия, гуфт онҳо "хеле воқеитаранд".
Қодиров мегӯяд, сухан дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Луганск ва Донетск, ҳамчунин вилоятҳои Қрим, Херсон ва Запорожие дар ҳайати Русия аст. Илова бар ин, мақомоти Украина бояд ҳама “ҷинояткорон ва шайтонҳои фашист”-ро, ки дар ҷиноятҳои ваҳшиёна алайҳи мардуми русзабон даст доштанд, истирдод намоянд ё онҳоро расман ба додгоҳ кашанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров тафсилоти даргирии "Ахмат" бо нерӯҳои украиниро баён дошт
"Мо зидди музокираем, ки тамоми шайтонҳо ба монанди Азов* ... зинда мемонанд. Мо қатъиян зидди гуфтушунид ҳастем. Мо фашистонро нест мекунем, онҳоеро, ки ба Туркия фирор кардаанд, бармегардонем ва ба онҳо ҳабси абад таъин мекунем... Бале, мо метавонем қувваҳои мусаллаҳ, СБУ, дигар нерӯҳои қудратироо дарк кунем, онҳо хизматчиёни давлатӣ ҳастанд... Нозӣ, шайтонизм, то замоне ки чунин ҷараёнҳо вуҷуд доранд, дар бораи чӣ гуна музокира гуфтан мумкин аст, ман умуман тасаввуроте надорам”, - гуфт Қодиров.
Сарвари Чеченистон изҳори итминон кард, ки амалиёти вижа бояд "комилан анҷом дода шавад, чунон ки бояд бошад".
"То охир то расидан ба Киев, несту нобуд кардани ҷинояткорон... Агар касе ихтиёрӣ накунад, мо ба номи Худованд чунин ният дорем ва онро амалӣ хоҳем кард", - афзуд ӯ.
* - созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия