Нишасти IV формати Афғонистон дар Маскав бидуни толибон: видео

Интизор меравад, ки иштирокчиён дар ин нишаст, вазъи низомию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстонаро баррасӣ намуда, ба амнияти минтақавӣ дахл мекунанд
Sputnik
Дар пойтахти Русия нишасти "формати Маскав" дар бораи Афғонистон дар сатҳи намояндагони вижа оғоз шуд
Ин нишаст, бидуни ширкати мақомоти феълии Кобул, ки аз ҷониби толибон намояндагӣ мешавад, сурат хоҳад гирифт.
Қобили зикр аст, ки формати Маскав оид ба Афғонистон моҳи апрели соли 2017 таъсис ёфт.
Рино Амирӣ: Ифротгароии гурӯҳи толибон Афғонистонро ба сӯйи бесуботӣ ва фақирӣ мекашад
Дар он 11 кишваре, ки ба ҳалли масъалаи Афғонистон манфиатдоранд, гирди ҳам меоянд.
Инҳо: Русия, Афғонистон, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд.
Ба ин нишаст намояндагон аз Қатар, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия ба ҳайси меҳмон даъват шудаанд.