ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев Ғарбро дар ташдиди таниш ва афзоиши эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳонӣ муттаҳам кард.
Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифааш дар Twitter навиштааст.
"Ҳодисаи ҳамлаи мушакии Украина ба хоҷагии Лаҳистон танҳо як чизро исбот мекунад: Ғарб бо ҷанги гибридии худ бо Русия эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳониро афзоиш медиҳад", - гуфт Медведев.
Қаблан низ сиёсатмадор аллакай дар ҳамин рӯҳия ҳарф зада буд.
"Фаромӯш накунед, ки ҷангҳои иқтисодӣ дар таърихи инсоният аксар вақт ба ҷангҳои воқеӣ табдил ёфтаанд", - гуфт ӯ дар посух ба изҳороти раиси Вазорати молияи Фаронса дар бораи фурӯпошии низоми молии Русия бар асари таҳримҳо.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 ноябр дар Лаҳистон дар наздикии марзи Украина пораҳои мушакҳо ёфт шуданд. Тибқи иттилои расмӣ, ду нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон нахуст иддао кард, ки мушакҳо аз Русия парвоз кардаанд, вале баъдан Анжей Дуда, қайд кард, ки Варшава маълумоти дақиқе надорад, ки пораҳои мушакҳо аз кадом кишвар афтодаанд.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар нишасти изтирории G7 ва раҳбарони НАТО бо ишора ба траекторияи парвози муҳимоти ҷангӣ, иддаъо дар бораи парвози мушак аз Русияро рад кард.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, инҷониб он рӯз ба ҳадафҳое дар наздикии марзи Украина ва Лаҳистон зарба назадааст ва аксҳои нашршудаи бархе аз харобаҳо ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳодиса метавонист бар асари партоби мушакҳои дифои зидди ҳавоии Украина рух диҳад.