Эрдуғон: НАТО бар он аст, ки Русия дар суқути мушакҳо дар Лаҳистон даст надорад

Раисҷумҳури Туркия ахиран эълон кардааст, ки дар НАТО бар он ҳастанд, ки суқути мушакҳо дар қаламрави Лаҳистонро кори Русия нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ахиран гуфт, шаш кишвари НАТО ба хулосае омаданд, ки суқути мушакҳо дар Лаҳистон кори Русия нест.
Расонаҳои Лаҳистон шоми 15 ноябр хабар доданд, ки ду мушак ба қаламрави Лаҳистон дар наздикии марз бо Украина суқут кардааст.
Расонао хабар доданд, ки бинобар суқути мушакҳо ду шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ҳамон лаҳза изҳор дошт, ки мушакҳои суқуткарда дар Лаҳистон моли Русия ҳастанд. Аммо президенти Лаҳистон Анжей Дуда қайд кард, ки Варшава маълумоти дақиқе дар бораи мушакҳои суқуткарда дар қаламрави Лаҳистон надорад.
"Субҳи имрӯз садри аъзами Олмон Шолтс ба ман гуфт, ки шаш кишвари НАТО ин масъаларо баррасӣ карданд ва - ман ҳоло ин маълумотро ба шумо пешниҳод мекунам - онҳо ба хулосае омаданд, ки ин метавонад иштибоҳи техникӣ бошад. Ба гуфтаи онҳо, ин мушакҳои Русия нестанд", - гуфт Эрдуғон дар нишасти матбуотие дар нишасти G20.
Байден шак дорад, ки аз қаламрави Русия ба Лаҳистон мушак партоб шудааст
Эрдуғон мушаххас накард, ки сухан дар бораи кадом шаш кишвар меравад.
Субҳи рӯзи 16 ноябр раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден, хостори нишасти изтирории раҳбарони кишварҳои G7 ва НАТО шуд, ки монанди ӯ дар нишасти G20 дар Балӣ ширкат доштанд. Дар натиҷа, ӯ гуфт, ки тибқи маълумоти пешакӣ мушакҳои суқуткарда дар Лаҳистон аз қаламрави Русия партоб нашудаанд.
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, он рӯз ба наздикии марзи Украина ва Лаҳистон ба ҳеҷ ҳадафе зарба зада нашудааст ва аксҳои нашршуда дар расонаҳои ба аслиҳаи Русия рабте надорад. Вазорат кайд кард, ки тамоми изҳороти матбуоти Лаҳистон дар бораи гуё суқути мушакҳои “Русия” иғвогарии дидаю дониста ба максади шиддат бахшидани вазъ дар минтақа аст.