Ҳавасмандии Тоҷикистон барои интиқоли мустақими маҳсулот ба Русия

Душанбе пешниҳоди Роҳҳои оҳани Русияро, ки интиқоли маҳсулоти зудвайроншавандаро тариқи хатсайрҳо зудтар интиқол диҳанд, баррасӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ба лоиҳаи “Агроэкспресс” барои интиқоли мустақими меваю сабзавот ба Русия таваҷҷӯҳ кардааст.
Дар ин бора Ҷасурбек Чориев, муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА “Новости” хабар дод.
“Кишварҳои ҳамсояи мо, аз ҷумла Туркманистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд”, - гуфт ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигор дар бораи таваҷҷуҳи кишварҳои дигар ба ин тарҳ.
Чориев таъкид кард, ки "Агроэкспресс" як навъи хуби интиқоли маҳсулоти зудвайроншаванда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия мебошад. Вай афзуд, масъалаи аслӣ таъмини мол аст, то ин тарҳ иҷро шавад.
Барои сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон имкониятҳои васеъ боз шудааст
Бояд гуфт, ки "Агроэкспресс" хадамоти вижаест, ки аз ҷониби “РЖД Логистика” ва Маркази содиротии Русия таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосӣ он интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои ИДМ, Чин ва Туркия мебошад.
Моҳи июни соли 2021 дар бораи роҳандозии хидматрасонӣ бо Uzagrologistics Centers шартнома ба имзо расид. Қатораи озмоишӣ аз тариқи Қазоқистон аз рӯи принсипи долони “сабз” моҳи ноябри ҳамон сол ба роҳ баромад.
Аз моҳи марти соли 2022 Тоҷикистон имкони пайвастан ба ин тарҳро баррасӣ дорад, аммо то ҳол санаи фиристодани қатори аввал маълум нест.